Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хоҷа Осиф: “Толибон дар ҳоли пешбурди ҷанги Ҳинд бар зидди Покистон аст”
Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон, мегӯяд гурӯҳи террористии Толибон ба неруи ниёбатии Деҳлӣ табдил шуда ва дар ҳоли пешбурди “ҷанги Ҳинд” бар зидди Исломобод ҳастанд.
Ӯ рӯзи 13-уми май дар суханронии худ дар Маҷлиси миллии Покистон ҳушдор дода, ки агар Толибон аз ҳимояти шабҳинизомиён ва терроризми фаромарзӣ даст барнадорад, Покистон ба ин гурӯҳ ҳамон гуна посух хоҳад дод, ки ба Ҳинд посух додааст.
Хоҷа Осиф таъкид кардааст: “Ҳеч тафовуте миёни Деҳлӣ ва Кобул вуҷуд надорад. Акнун душмани яксоне дар марзҳои шарқӣ ва ғарбии Покистон ҳузур дорад”.
Ӯ мақомоти Толибонро муттаҳам кардааст, ки ҳозир нестанд дар мавриди терроризми фаромарзӣ кафолатҳои амалӣ ба Исломобод ироа кунанд.
Вазири дифои Покистон гуфтааст: “Ҳинд акнун тамоми ҷанг алайҳи Покистонро аз тариқи Кобул мудирият мекунад”.
Равобити Покистон ва Толибон дар моҳҳои ахир ба шиддат тира шудааст.
Исломобод борҳо аз Толибон хостааст итминон диҳанд, ки аз хоки Афғонистон барои ҳамлаҳои алайҳи Покистон истифода намешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”