Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар сояи фақри густарда: интиқодҳо аз маҳфили кабобхӯрии мақомоти Толибон дар Афғонистон
Шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо бознашри навори маҳфили “кабобхӯрӣ”-и мақомоти болоии гурӯҳи террористии Толибон интиқод карда ва гуфтаанд, ки мардум аз гуруснагӣ ҷон медиҳанд.
Дар ин навор, ки рӯзи чаҳоршанбе, 13-уми май ба сурати густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст шудааст, дида мешавад, ки аз ҷумла Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи ин гурӯҳ дар ҳоли хӯрдани кабоб ҳастанд.
Ба гуфтаи онҳо, Толибон пайваста ба одӣ будани вазъ тазоҳур мекунанд, аммо дар амал машғули хушгузаронӣ ҳастанд.
Ин шаҳрвандони Афғонистон таъкид мекунанд, ки ба хӯрдани кабоб интиқод надоранд, аммо мегӯянд ин гурӯҳ он чиро баён мекунад, дар амал иҷро намекунанд ва бо дурӯғ тазоҳур ба зуҳду тақво доранд.
Ин дар ҳолест, ки омӯзгорон дар кишвар мегӯянд Толибон маоши онҳоро ба таври мунтазам пардохт намекунанд ва дар айни ҳол наздик ба ду моҳ аст, ки маош нагирифтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”