Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Фестивал-озмуни байналмилалии шашмақом ҷамъбас гардид
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" маросими ҷамъбастии Фестивал-озмуни байналмилалии шашмақом таҳти унвони "Ушшоқи Раҳмонӣ" баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки Фестивал-озмуни байналмилалии шашмақом бори нахуст ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10-12-уми май бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил гардида, дар он мақомсароёни Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Озарбойҷон иштирок намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, “Шоҳҷоиза”-и Фестивал-озмуни мазкур насиби шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”-и вилояти Суғд гардид.
Манбаъ меафзояд, ки дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Бухорои Узбекистон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд. Ҷойҳои дуюм ба дастаи “Шашмақом”-и Фарғонаи Узбекистон ва Сардорбек Солиев, овозхони дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и шаҳри Хуҷанд насиб гардид. Ҳамчунин, дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Озарбойҷон ва Навбаҳор Шарипова, сарояндаи ҷавон аз ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба барандаи “Шоҳҷоиза” 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм 5 ҳазор, 3,5 ҳазор ва 2 ҳазор долларӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, мутахассисони шашмақом, иштирокчиёни фаъоли фестивал, меҳмонону меросбарони асили санъати шашмақом бо ҷоизаи махсуси раиси вилояти Суғд аз 500 то 1000 доллар сарфароз гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”