Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви БРИКС дар сояи ҷанги Амрико ва Эрон баргузор мешавад
Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви БРИКС қарор аст зери сояи ҷанги Исроил ва Амрико бо Эрон баргузор шавад.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи чоршанбе, 13-уми май гузориш додааст, ки нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви БРИКС фардо дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд баргузор хоҳад шуд.
“Рейтерз” афзуда, ки ин нишаст, зери сояи ҷанги Эрон бо Исроил ва Амрико, тавоноии ин блок барои дастёбӣ ба мавзеъи ягона ва ибрози баёнияи муштаракро озмоиш мекунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон дар нишасти БРИКС ширкат хоҳад кард.
Эрон ва ду муттаҳидаш - Русия ва Чин, узви БРИКС ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки ба БРИКС кишварҳои Бразилия, Русия, Чин, Ҳинд, Африқои Ҷанубӣ ва Эрон шомил ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”