Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазири меҳнат ва сафири Корея дар Тоҷикистон масъалаи омӯзиши забони кореягиро баррасӣ карданд
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот намуд.
Тавре ки маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо, бахусус ҷиҳати ҷалби қувваҳои корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои мавсимӣ дар Корея якчанд пешниҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ҷалби омӯзгорони баландихтисоси аз Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон бобати роҳандозии дарсҳои забономӯзӣ ва ташкили иртибот бо ассотсиатсияҳои корфармоёни Корея.
Манбаъ меафзояд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Кореяро дар самти пешбурди афзалиятҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва рушди бозори меҳнат ҳамчун шарики муҳим ва боэътимод меҳисобад.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати пурзур намудани ҳамкориҳо дар самти дастрасии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони кореягӣ изҳор доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”