Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин: ҳар талош барои истиқлоли Тайванро “дар ҳам мешиканем”
Чин эълом кардааст, ки бо истиқлоли Тайван мухолиф аст.
“Рейтерз” рӯзи сешанбе, 12-уми май, ба нақл аз дафтари умури Тайван дар Чин ва пеш аз сафари Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Пекин ин изҳоротро матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, мавзуи Тайван, ки Чин онро бахше аз хоки худ медонад, қарор аст дар ҷараёни дидори дурӯзаи Трамп ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, мавриди баҳс қарор гирад.
Дар гузориш омадааст, ки Лай Синде, раиси ҷумҳури Тайван ин ҷазираро “кишвари мустақил ва демократӣ” тавсиф карда ва гуфтааст, ки дар баробари фишорҳои Пекин таслим нахоҳад шуд.
Аммо сухангӯи дафтари умури Тайван дар Чин гуфта, ки Тайван бахше аз хоки ин кишвар аст ва ҳаргиз як кишвари мустақил набуда ва нахоҳад буд.
Ӯ афзудааст: “Муҳим нест Лай Синде чанд бор дурӯғҳои худро такрор кунад, чун онҳо ҳаргиз ба ҳақиқат табдил нахоҳанд шуд”.
Бар асоси гузориш, ин мақоми чинӣ таъкид кардааст, ки иродаи Пекин барои муқобила бо истиқлоли Тайван “монанди санги вазнин” аст.
Дар гузориш омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида муҳимтарин ҳомии байналмилалӣ ва таъминкунандаи аслиҳаи Тайван ба шумор меравад, ҳарчанд бо ин ҷазира равобити дипломатии расмӣ надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”