Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия: равобит бо Амрико дар сатҳи поинтарин қарор дорад
Сухангӯи Кремл гуфт: “Айни ҳол сафари Трамп ба Русия дар баррасӣ қарор надорад ва равобити дуҷониба низ бисёр тира аст”.
Ба гузориши хабаргузории “РИА Новости”-и Русия Кремл эълом кард, ки сафари эҳтимолии Доналд Трамп ба Русия дар айни ҳол дар дастури кор нест: ин мавзеъ пас аз он матраҳ шуд, ки Трамп эҳтимоли сафар ба Русияро рад накарда буд.
Ба навиштаи ин расона Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, дар посух ба пурсише дар бораи эҳтимоли сафари раисҷумҳури Амрико гуфт: “Хайр, чунин сафаре акнун дар баррасӣ вуҷуд надорад ва ҳеч гуна тадбир барои сафари ҳайати амрикоӣ ба Маскав анҷом намешавад”.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки Песков пештар таъкид карда буд даъвати Владимир Путин аз Трамп барои сафар ба Маскав ҳамчунон побарҷост ва раиси ҷумҳури Русия аз дидор бо ҳамтои амрикоии худ истиқбол мекунад.
Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки Путин дар ҳар тамоси телефонӣ ин даъватро ба Трамп ёдоварӣ мекунад.
Дар муқобил, Трамп эҳтимоли сафар ба Русия дар соли ҷориро дар чорчӯби талошҳо барои ҳаллуфасли ҷанги Украина рад накардааст. Трамп дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфта буд: “Ҳар коре лозим бошад анҷом хоҳам дод”.
Песков ҳамчунин, дар изҳороти ҷудогона эълом кард, равобити дуҷониба миёни Маскав ва Вашингтон ҳамчунон дар поинтарин сатҳ қарор дорад.
Ӯ гуфт: “Ҳеч ҳаракате дар равобити дуҷониба дида намешавад ва ин равобит ҳамчунон дар нуқтаи сифр қарор дорад”. Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, ин Амрико аст, ки бояд барои беҳбуди равобит қадам гузорад, аммо то кунун иқдоме анҷом надодааст.
Охирин тамоси телефонӣ миёни Путин ва Трамп дар 29-уми апрел анҷом шуд: тамосе, ки беш аз якуним соат давом кард ва ду тараф дар он дар бораи парвандаҳои муҳим, аз ҷумла Эрон ва раванди ҳаллуфасли ҷанги Украина гуфтугӯ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”