27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
12.05.2026 09:37

Майкрософт мудирияти шуъбаи худро аз Исроил ба Фаронса интиқол дод

Як расонаи Исроил гузориш дод, ки пас аз ифшои ироаи маълумот ва иттилооти (хусусии) фаластиниҳо ба ниҳодҳои амниятии Исроил, ширкати Майкрософт мудирияти шуъбаи исроилии худро ба Фаронса интиқол дод.

Ба гузориши расонаи “Фаластин онлайн” ба нақл аз  рӯзномаи иқтисодии “Глобс”, чопи сарзаминҳои ишғолӣ, ширкати Майкрософт дар пайи анҷоми як таҳқиқи дохилӣ дар бораи эҳтимоли ироаи ҳамкорӣ ба ниҳодҳои амниятии Исроил, мудирияти шуъбаи худ дар Тел-Авивро ба сурати муваққат ба Фаронса интиқол додааст.

Бар асоси ин гузориш, таҳқиқоти дохилии ин ширкат бар эҳтимоли ҳамкорӣ ба дастгоҳҳои амниятии Исроил ва захирасозии маълумотҳо оид ба фаластиниҳо, нигарониҳои ҳуқуқӣ ва назоратиро дар даруни ширкат, ба вижа дар иртибот бо қонуни аврупоии ҳимоят аз маълумотҳо ва ҳарими хусусӣ эҷод кардааст.

“Глобс” ҳамчунин, эълом кард, ки Алон Ҳаимович, мудири шуъбаи Майкрософт дар Исроил, пас аз чаҳор соли фаъолият аз тарафи худ канор гузошта шуда ва шуморе аз масъулони бахши равобити давлатии ин ширкат низ онро тарк кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳе аз мудирони ҷаҳонии Майкрософт дар ҳафтаҳои охир ба Исроил сафар кардаанд, то дар бораи моҳияти ҳамкориҳои ин ширкат бо ниҳодҳои амниятии режими Исроил баррасии дохилӣ анҷом диҳанд.

Ин рӯзнома афзуд, ки то замони таъйини мудири ҷадид, мудирияти шуъбаи Исроил ба таври муваққат ба Фаронса мунтақил шудааст.

Пештар низ хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” дар гузорише эълом карда буд, ки моделҳои ҳуши маснуии мутааллиқ ба Майкрософт ва OpenAI дар чорчӯби як барномаи низомии режими Исроил барои шиносоии ҳадафҳои ҳамла дар Ғазза мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Фания Агровол, муҳандиси ихроҷшуда аз Майкрософт низ моҳи феврал  ин ширкатро ба ҳамкорӣ дар ончи “иқтисоди наслкушӣ” дар Ғазза хонда, муттаҳам карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.