27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
11.05.2026 18:10

Коршиноси Созмони Милал: “Афғонистон ниёзманд ба низоми нави иҷтимоӣ бар асоси ҳокимияти қонун ва адолат аст”

Дэвид Фернандес Пуяна, коршиноси ҳуқуқи башар, сулҳ ва ҳалли низоъҳои Созмони Милал, мегӯяд Афғонистон ба як низоми иҷтимоии нав бар асоси ҳокимияти қонун, адолат, ҷавобгӯ ва ниҳодҳои қудратманди дур аз фасод ниёз дорад.

Дэвид Пуяна ин суханонро рӯзи душанбе, 11-уми май дар нишасте таҳти унвони “Дар ҷустуҷӯи адолат, ҳақиқатёбӣ ва ваҳдат; асосҳои эҳёи ҳокимияти қонун дар Афғонистон” дар Женева баён кард.

Ӯ гуфт, ки як қонуни асосии нав, ки мавриди тавофуқи ҳамаи тарафҳои Афғонистон бошад, метавонад роҳе барои эҷоди субот ва амният дар ин кишвар ва минтақа бошад.

Вай ҳамчунин, таъкид кард, ки омӯзиш барои сулҳ ва ҳамзистӣ бояд дар авлавият қарор гирад ва арзишҳое монанди эҳтиром ба зиндагӣ, каромати инсонӣ ва ҳуқуқи башар аз усули асосии сулҳ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ ҳастанд.

Пуяна афзуд: “Бо вуҷуди заъиф шудани ҳуқуқи занон ва духтарон ва номушаххас будани ояндаи Афғонистон, гуфтугӯи сиёсӣ, адолат ва сулҳсозӣ бояд бахшҳои ҷудоинопазири музокироти байниафғонӣ бошанд, то барои шаклгирии дубораи Афғонистони сулҳомез замина фароҳам шавад”.

Дар ин нишаст, мавзуи эҷоди механизми мустақили ҷавобгӯ дар Афғонистон, адолат ва баҳс дар бораи ташкили ҳукумати фарогир низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.