Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Созмони Милал: Озодии баён дар ҷаҳон аз соли 2012 то кунун 10 дарсад коҳиш ёфтааст
Созмони Милал дар як гузориши нави худ дар бораи вазъи озодии баён дар сатҳи ҷаҳон гуфтааст, ки мизони озодии баён аз соли 2012 то кунун коҳиши қобили мулоҳизае доштааст.
Ин ниҳод рӯзи душанбе, 11-уми май таъкид кардааст, ки рӯзноманигории озод, мустақил ва касбӣ барои демократия ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди пойдор ҳаётан муҳим аст.
Гузориш аз сӯи ниҳоди илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал (ЮНЕСКО) нашр шуда ва маълумоти солҳои 2022 -2025-ро дар бар гирифтааст.
Таҳлили ин гузориш нишон медиҳад, ки ин арзишҳо бо фишорҳои бесобиқае рӯ ба рӯ ҳастанд
Гузориш афзудааст: “Индекси ҷаҳонии озодии баён (V-Dem) дар даҳ соли гузашта 10 дарсад коҳиш ёфтааст, ки нишонаи ошкори заъиф шудани озодии матбуот, бо вуҷуди баъзе тамоюлҳои маҳдуди мусбат, мебошад.”
Бар асоси ин гузориш, маҷмуи ин фишорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ озодии расонаҳо, гуногунандешӣ ва гуногунрангии расонаиро заъиф кардааст ва дар ду соли гузашта, рушди чашмраси зеҳни сунъӣ низ арзиши расонаҳоро бештар ба ҳошия рондааст.
Ин гузориш ҳамчунин, таҳдидҳои рӯзафзун бар зидди амнияти хабарнигоронро шарҳ додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”