Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Посухи Эрон аз сӯи Трамп рад шуд. Бақоӣ: “Посух ба пешниҳоди Амрико одилона буд”
Дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико посухи Эрон ба пешниҳоди Вашингтонро ғайриқобили қабул хонд, Теҳрон гуфт, ки посухи ироашуда одилона буд.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, рӯзи душанбе, 11-уми май дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки посухи Теҳрон ба пешниҳоди Амрико барои поён додан ба ҷанг “одилона ва саховатмандона” буд.
Бақоӣ афзуд: “Хости поён додан ба ҷанг, рафъи муҳосира ва дуздии дарёӣ ва озодсозии дороиҳои Эрон, ки ба таври ноодилона дар бонкҳо ба далели фишорҳои Амрико масдуд шудаанд, аз ҷумлаи ин талабот буд”.
Ба гуфтаи ӯ, бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва эҷоди амният дар Лубнон аз дигар талаботи Эрон дар посух ба пешниҳоди Амрико будааст.
Трамп пас аз дарёфти посухи Эрон, онро ғайриқобили қабул хондааст.
Ин дар ҳолест, мақомҳои амрикоӣ пештар эълом карда буданд, ки мунтазири посухи Эрон ба пешниҳоди Вашингтон ҳастанд то сарнавишти музокирот ва таваққуфи даргириҳо мушаххас шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”