Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Боздошти хабарнигорон дар Афғонистон ба кори рӯзмарраи Толибон табдил шудааст
Ба гузориши расонаи “8-и субҳ”-и Афғонистон ниҳоди ҳимояткунанда аз расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки боздошти хабарнигорон ба кори рӯзмарраи гурӯҳи террористии Толибон табдил шуда ва аз ин ҳақиқат набояд чашмпӯшӣ шавад.
Дар баёнияи Созмони ҳимоят аз расонаҳои Афғонистон нисбат ба боздошти хабарнигорон аз сӯи гурӯҳи террористии Толибон изҳори нигаронӣ карда ва афзудааст, ки дар як ҳафтаи гузашта дастикам се хабарнигор боздошт шудаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки Имрон Дониш ва Мансур Ниёзӣ, хабарнигорони “Tolo News” ва ҳамчунин, Ҷовид Ниёзӣ, масъули “Хабаргузории пайгард” дар ҳафтаи ахир аз ҷониби Толибон боздошт шудаанд.
Созмони ҳимоят аз расонаҳои Афғонистон аз ниҳодҳои фаъоли Созмони Милал ва Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон хостааст, ки заминаи озодии ин хабарнигорон аз зиндони Толибонро фароҳам кунанд.
Ин ниҳод хотирнишон кардааст, ки Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, ҳудуди 400 хабарнигорро зиндонӣ кардаанд.
Гурӯҳи террористии Толибон то кунун дар бораи боздошти ин хабарнигорон вокунише нишон надодаанд.
Созмонҳои ҳомии расонаҳо аз авҷи боздошти хабарнигорон аз сӯи Толибон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”