Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
“Барселона” пеш аз муҳлат чемпиони Испания шуд
Шоми гузашта дар доираи даври 35-уми Ла Лигаи Испания бошгоҳҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи Камп Ноу бо ҳам рақобат карданд, ки ин дидор тақдири қаҳрамонии мусобиқаи мазкурро ҳал намуд.
Бозии “Барселона” ва “Реал Мадрид” бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи “Барселона” ба анҷом расид ва ҳамчунин, бошгоҳи каталониро пеш аз муҳлат қаҳрамони Испания кард.
Ҳар ду голҳо дар пайти аввал ба самар расиданд. Голи якумро Маркус Решфорд дар дақиқаи 9-уми аз зарбаи ҷаримавӣ ва голи дуюмро Ферран Торрес дар дақиқаи 18-уми аз паси Дани Олмо вориди дарвозаи “Реал Мадрид” намуданд.
Ҳарчанд дар Ла Лигаи Испания ҳоло се даври дигар боқӣ мондааст, вале чун тафоввути холҳо миёни дастаҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” 14 адад аст, натиҷаи бозиҳои охир чизеро тағйир намедиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад