Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу: “Ҷанг бо Эрон то замони хориҷ шудани ураниуми ғанишуда поён намеёбад”
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими Исроил, гуфтааст, ки ҷанг бо Эрон то замоне, ки ураниуми ғанишудаи ин кишвар хориҷ нашавад, поён нахоҳад ёфт.
Нетаняҳу рӯзи 10-уми май дар гуфтугӯ бо шабакаи “CBS” бо лаҳни таҳдид аз Эрон гуфтааст, ки ҳанӯз “корҳое боқӣ мондааст” ва бархе аз саёсатҳои ғанисозии Эрон бояд барчида шаванд.
Нетаняҳу дар посух ба пурсише дар бораи эҳтимоли истифода аз гузинаи низомӣ барои хориҷ кардани ураниуми ғанишудаи Эрон, аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ карда ва гуфтааст, ки дар бораи барномаҳои низомӣ суҳбат нахоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои исроилӣ гузориш додаанд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба Нетаняҳу итминон додааст, ки Вошингтон дар мавриди захираҳои ураниуми Эрон имтиёз нахоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки Эрон низ посухи худ ба тарҳи пешниҳодии Амрикоро аз тариқи миёнҷиҳои покистонӣ ба Вашингтон фиристода ва бар поёни таҳримҳо ва ҳифзи ҳокимияти худ бар тангаи Ҳурмуз таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”