Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон аз имзои 10 созишномаи ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ба арзиши 112 миллион доллар дар Балхи Афғонистон хабар доданд
Расонаҳои зери контроли гурӯҳи террористии Толибон гузориш доданд, ки 10 созишномаи ҳамкории тиҷоратӣ миёни сектори хусусии вилояти Балх ва аъзои сектори хусусии Ҷумҳурии Қарақалпоқистон Ӯзбекистон ба арзиши 112 миллион доллар имзо шудааст.
Хабаргузории “Бохтар”-и, зери контроли Толибон, рӯзи душанбе, 11-уми май гузориш додааст, ки ин созишномаҳо бо ҳузури намояндаи Вазорати саноат ва тиҷорати ин гурӯҳ ва Амонбой Урунбоев, раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Қарақалпоқистони Ӯзбекистон дар вилояти Балх имзо шудааст.
Ҳамчунин, намоишгоҳи маҳсулот ва тавлидоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар Балх кушода шудааст.
Гурӯҳи террористии Толибон рӯзи гузашта низ дар Кобул гуфта буданд, ки 13 созишномаи тиҷоратӣ бо ҳайати ӯзбекистонӣ ба арзиши 100 миллион доллар имзо шудааст.
Ин гурӯҳ пештар низ бо ду волии Ӯзбекистон созишномаи тиҷоратӣ имзо карда буд.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайи солҳои ахир равобити тиҷоратии худро бо гурӯҳи террористии Толибон густариш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”