Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ғолиби “Мисс интеллект” ҳам ба мардуми зарардидаи Кӯлоб кумак кард
Мансур Нигматов, блогери тоҷик, ки барои осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб маблағ ҷамъоварӣ карда истодааст, хабар дод, ки ғолиби номинатсияи “Мисс интеллект”-и Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” Субҳия Тоҳирзода ба мардуми зарардида 50 ҳазор сомонӣ кумак кардааст.
Гуфта мешавад, ки Субҳия Тоҳирзода аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъоли Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” буда, дар даври ниҳоӣ бо қарори доварон ғолиби номинатсияи “Мисс интеллект” гардид. Ба ӯ тоҷ ва 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ доданд, ки инак, нисфи онро ба кори хайр сарф намуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Мансур Нигматов ният дорад барои осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб як миллион сомонӣ ҷамъоварӣ намояд ва то имрӯз наздики 400 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин ғолиби номинатсияи “Мисс маҳбуби дилҳо”-и Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” Сумая Раҷабзода мукофотпулиашро, ки 100 ҳазор сомониро ташкил медод, пурра ба мардуми зарардидаи Кӯлоб равон намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”