27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
08.05.2026 18:55

Кремл: Путин омодаи гуфтугӯ бо Аврупо аст, аммо оғозгари тамос нахоҳад буд

Кремл эълом кардааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, омодаи гуфтугӯ бо тамоми тарафҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо аст, аммо Маскав нахустин гомро барои оғози ин раванд барнахоҳад дошт.

Рейтерз рӯзи ҷумъа, 8-уми май гузориш додааст, ки Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гуфта, ки Путин борҳо таъкид кардааст, Русия омодаи музокира аст, аммо пас аз қатъи равобит аз сӯи Аврупо дар соли 2022, ин Маскав нахоҳад буд, ки оғозгари тамосҳо бошад.

Бар асоси гузориш, Кремл афзудааст, ки азсаргирӣ ё идомаи гуфтугӯҳо бастагӣ ба омодагии кишварҳои аврупоӣ дорад.

Песков гуфта, ки Русия масъули қатъи комили равобит бо Иттиҳоди Аврупо набуда ва ин иқдом аз сӯи Брюссел ва бархе пойтахтҳои аврупоӣ оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти аврупоӣ пештар гуфта буданд, ки Русия бояд дар ҷанги Украина шикаст бихӯрад ва Владимир Путинро муттаҳам ба ҷангталабӣ карданд: иттиҳомоте, ки Маскав онро рад кардааст.

Кремл таъкид кардааст, ки Путин борҳо эълом карда омодаи гуфтугӯ бо тарафҳои мухталиф аст, аммо ибтикори оғози тамосҳои ҷадид аз сӯи Аврупо бояд сурат гирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.