Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Омодагии мо барои дифоъ 1000 дарсад аст”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон эълом кард, ки эрониён ҳаргиз дар баробари фишор сар хам намекунанд ва омодагӣ барои дифоъ 1000 дарсад аст.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”-и Эрон, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз, 8-уми май дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт, ҳар замоне, ки як роҳи ҳалли дипломатия рӯйи миз қарор мегирад, Иёлоти Муттаҳида ба як моҷароҷӯии низомии бехирадона рӯ меоварад.
Вазири хориҷаи Эрон дар ин матлаб афзудааст: “Оё ин сирфан як тактики кӯркӯрона барои амалҳои фишор аст? Ё фиребкории як харобкорӣ аст, ки бори дигар мехоҳад раиси ҷумҳури Амрикоро ба ботлоқи тозае бикашонад?”
Дар идомаи матн омадааст: “Сабаб ҳар чӣ бошад, натиҷа ҳамеша яке аст, эрониён ҳаргиз дар баробари фишор сар хам намекунанд, вале ин дипломатия аст, ки ҳамвора қурбонӣ мешавад”.
Ироқчӣ ҳамчунин, навиштааст: “Бояд гуфт, Созмони CIA иштибоҳ мекунад. Захираи мушакӣ ва зарфияти партобгарҳои мо нисбат ба 28-уми феврал дар сатҳи 75 дарсад нест, рақами саҳеҳ 120 дарсад аст ва аммо омодагии мо барои дифоъ аз мардуми худ 1000 дарсад!”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”