27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
08.05.2026 16:13

Озмуни «Табиби сол – 2026» аз рӯйи 35 самти соҳаи тиб баргузор мегардад

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол – 2026”-ро эълон кард.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, озмуни «Табиби сол – 2026» аз рӯи 35 самти соҳаи тиб баргузор гашта, ба ҳар кадом аз ихтисосҳои муайянгашта як нафар ҳамчун “Табиби сол-2026” муайян карда мешавад.

Манбаъ меафзояд, ки дар озмуни мазкур табибони муассисаҳои давлатии тиббӣ, табибони муассисаҳои хусусии тиббӣ, таҳлилгарони озмоишгоҳӣ, мутахассисони соҳаи тадқиқоти инструменталӣ, табибони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, эпидемиологҳо, фарматсевтон, кормандони низоми ҳифзи ичтимоии аҳолӣ ва кормандони саҳроҳии ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок карда метавонанд.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиён бояд шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-сола боло, дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассус бошанд ва мақолаи илмӣ омавии тиббӣ ва дастовардҳои касбӣ аз рӯйи ихтисос дар се соли охирашонро то 30-юми июни соли равон дар сомонаи озмун ҷой кунанд.

Маросими расмии ҷамъбасти озмун ва тақдими ҷоизаҳо моҳи сентябр доир гашта, ғолибон бо дипломи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пули дар ҳаҷми 15-ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.