Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Милитсияи пойтахт ҳафт ҳолати бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ омадани донишҷӯёнро ошкор кард
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ошкор кардани ҳафт ҳолати бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ омадани донишҷӯён хабар дод.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт рейди муштарак баргузор гардид, ки дар натиҷаи он ҳафт ҳолати ба донишгоҳ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба қайд гирифта шуд.
“Саидов Сунатулло, Юсуфзода Раҳматулло ва Садирзода Саидмуҳаммад донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Юсупов Шаҳбоз ва Қурбонзода Сунатулло донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Аҳмадов Муҳаммадҷон донишҷӯи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миров Муҳаммад донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон бар хилофи талаботи мазкур амал намуда, бо нақлиёти шахсӣ ба донишгоҳ ҳозир шудаанд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, инчунин, ба донишгоҳҳои зикршуда ирсол карда мешаванд.
Тибқи муқаррароти амалкунанда, донишҷӯе, ки бо нақлиёти шахсӣ ба дарс ҳозир мешавад, ба муҳлати 3 сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”