Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Панҷ тан дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза кушта шуданд
Дар ҳамлаҳои тозаи режими Исроил ба Навори Ғазза, панҷ фаластинӣ дар минтақаҳои мухталиф кушта ва захмӣ шудаанд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе,7-уми май гузориш дода, ки дар маҳаллаи Зайтуни шаҳри Ғазза, се фаластинӣ дар натиҷаи як ҳамла кушта шудаанд, ки дар миёни онон як кӯдак низ шомил аст.
Дар як рӯйдоди дигар низ як фаластинӣ дар минтақаи Дараҷ бар асари ҳамлаи паҳподии Исроил ҷон бохта ва шумори дигар захмӣ шудаанд, ки ба шифохонаи Шифо интиқол ёфтаанд.
Ҳамчунин, гузориш шудааст, ки писари раиси дафтари сиёсии Ҳамос, бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз ҳамлаи ҳавоии рӯзи гузашта дар наздикии Шуҷоъия ҷони худро аз даст додааст.
Бо вуҷуди эъломи оташбас, ҳамлаҳо дар бархе минтақаҳо ҳамчунон идома дорад ва паҳподҳои исроилӣ доиман бар фарози Ғазза дар парвоз ҳастанд.
Бар асоси гузориш, дар рӯзҳои ахир мизони даргириҳо афзоиш ёфта ва ғайринизомиён ҳамчунон бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳанд, ба гунае, ки ҳар рӯз шумори зиёде кушта ва захмӣ мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад