Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иштирокдорони мусобиқаи UFC Кохи сафед бо ҳам вохӯрданд
Президенти Амрико Доналд Трамп бо рамзкороне, ки дар мусобиқаи UFC Кохи сафед баромад мекунанд, вохӯрӣ намуд.
Дар мусобиқаи UFC Кохи сафед 7 муҳориба ташкил мешавад ва ду муҳорибаи асосии он барои камарбанди чемпионӣ мебошад. Президенти Амрико Доналд Трамп маҳз бо иштирокчиёни муҳорибаҳои асосӣ Илия Топурия, Ҷастин Гейҷи, Алекс Перейра ва Сирил Ган мулоқот кард.
Тибқи иттилои дастрас, дар мулоқот Доналд Трамп бо размкорон доир ба муҳимияти мусобиқа гуфта, ҳамчунин, хабар дод, ки даромад ройгон аст.
Дар ин росто, Илия Топурия, Ҷастин Гейҷи, Алекс Перейра ва Сирил Ган аввалин муҳорибаи рӯ ба рӯяшонро дар назди Кохи сафед гузарониданд. Дар назар аст, ки пагоҳ нишасти матбуотӣ низ баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи UFC Кохи сафед, ки 14-уми июн бахшида ба 250-солагии Амрико доир мегардад, Илия Топурия бо Ҷастин Гейҷи барои камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук ва Алекс Перейра бо Сирил Ган барои камарбанди чемпионӣ дар вазни вазнин қувваозмоӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”