Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сатҳи омодашавии китобҳои дарсии насли нав муҳокима шуд
Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Айҷан Кидиралиева ва намояндаи ЮНЕСКО Нурбек Тилешалиев мулоқот кард.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар рушди таълими фанҳои дақиқ (STEM) дар Тоҷикистон ва дастгирии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи маориф баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба вазъият ва сатҳи омодашавии китобҳои дарсии насли нав равона карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ташкилоти ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо, ки маблағгузори лоиҳаи мазкур мебошад, мавриди муҳокима қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”