Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон аз роҳандозии як роҳи наве хабар дод, ки Чинро ба Афғонистон васл мекунад
Ширкати миллии роҳи оҳани Ӯзбекистон аз роҳандозии як роҳи нави чандсамта барои ҳамлу нақли борҳо хабар додааст, ки Чинро аз тариқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон пайваст мекунад.
Расонаҳои ӯзбекистонӣ рӯзи чоршанбе, 6-уми май гузориш доданд, ки ин роҳ барои ҳамлу нақли борҳои контейнерӣ бо қатора аз Чин тариқи истгоҳи Олтинкӯли Қазоқистон ба Ӯзбекистон аст.
Тибқи гузориш, сипас, борҳо аз он ҷо бо мошинҳои борбарӣ ба воситаи Туркманистон ба шаҳри Ҳироти Афғонистон интиқол мешаванд.
Дар гузориш омадааст, ки пеш аз ин, борҳо дар ин роҳ одатан аз тариқи роҳи дарёӣ аз Чин ба Бандар-Аббоси Эрон интиқол мешуданд ва сипас, тариқи роҳи заминӣ ба Афғонистон интиқол дода мешуданд.
Роҳи нав 7 400 километр дарозӣ дорад ва убури он тақрибан 30 рӯзро дар бар мегирад.
Ӯзбекистон пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон бар Афғонистон, равобити тиҷоратии худро бо ин гурӯҳ тақвият кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”