Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон: ба дунболи як тавофуқи “одилона” бо Амрико ҳастем
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, гуфта, ки Теҳрон ба дунболи дастёбӣ ба як тавофуқи ҳамаҷониба ва одилона бо Амрико барои поён додан ба ҷанг аст.
Хабаргузории “ИРНА”-и Эрон 6-уми май гузориш дод, ки Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон бо вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ телефонӣ гуфтугӯ карда ва бар аҳамияти дипломатия миёни кишварҳои минтақа барои ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо таъкид кардааст.
Эрон аз замони оғози ҷанг дар 28-уми феврал амалан тангаи Ҳурмузро ба рӯйи ҳамаи киштиҳо бастааст.
Пештар, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, эълом карда буд, ки “тарҳи озодӣ” дар тангаи Ҳурмузро боздоштааст.
Трамп ҳангоми эъломи таваққуфи ин маъмурият, бидуни он ки ҷузъиёти бештаре ироа диҳад, аз “пешрафти қобили таваҷҷуҳ” дар музокирот бо Эрон сухан гуфтааст.
Дар ҳамин ҳол “Axios” гузориш додааст, ки Амрико ва Эрон барои ниҳоӣ шудани як ёддошти тафоҳуми яксафҳаӣ барои поён додан ба ҷанг наздик шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”