Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп аз муваққатан боздоштани “тарҳи озодӣ”-и худ барои ҳаракати киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз хабар дод
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки бо ҳадафи талош барои дастёбӣ ба тавофуқи поёни ҷанг ва бозгушоии тангаи Ҳурмуз “тарҳ озодӣ” муваққатан боздошта мешавад.
Раиси ҷумҳури Амрико шаби гузашта эълом кард, ки Амрико дар музокирот бо Эрон барои дастёбӣ ба тавофуқи комил ва ниҳоӣ ба “пешрафти бузург” даст ёфтааст.
Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truht Social”-и худ навишт: “Бар асоси дархости Покистон ва дигар кишварҳо ва бо таваҷҷуҳ ба муваффақияти низомии чашмгире, ки дар амалиёт алайҳи кишвари Эрон ба даст овардем ва ҳамчунин, пешрафти бисёр хубе, ки ба сӯи як тавофуқи комил ва ниҳоӣ бо намояндагони Эрон ҳосил шудааст, мо ба тавофуқи дуҷониба расидем ва аз ин рӯ, муҳосира дар ҳоли ҳозир бо тамоми қудрат ва таъсири худ боқӣ бимонад, аммо “тарҳи озодӣ” (ҳаракати киштиҳо аз тариқи тангаи Ҳурмуз) барои муддати кӯтоҳе мутаваққиф шавад то бибинем оё тавофуқ метавонад ниҳоӣ ва имзо шавад ё на”.
Дар ин росто, “Ню-Йорк Таймз” рӯзи гузашта навишт: “Киштиҳо бо суханони Трамп аз тангаи Ҳурмуз убур намекунанд ва ширкатҳо барои раҳсипории киштиҳои худ ба тангаи Ҳурмуз шак доранд ва бархе мегӯянд пешниҳоди Амрико барои бовар кунонидани онҳо кофӣ нест”.
Рӯзномаи "Телеграф" низ рӯзи гузашта дар гузорише чунин навишт: “Киштиронии дунё барои убур аз тангаи Ҳурмуз ба тарҳи Трамп эътимод накардааст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”