Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ бо вазири хориҷаи Чин дидор кард
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ванг И, вазири корҳои хориҷаи Чин дар Пекин дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”-и Эрон, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Ван И, вазири корҳои хориҷаи Чин дар Пекин дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи тарафайн ба гуфтугӯ ва табодули назар пардохтанд.
Тибқи гуфтаи расонаҳо Ироқчӣ аз замони оғози даргириҳо се бор бо ҳамтои чинии худ гуфтугӯи телефонӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҳифзи оташбас ва бозгушоии тангаи Ҳурмуз аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯҳои ин сафар будааст: масоиле, ки Чин низ бар онҳо таъкид кардааст.
Чин дар айни ҳол аз муҳосираи бандарҳои Эрон аз сӯи Амрико интиқод кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Теҳрон ба дунболи он аст, то мавқеи Пекинро дар бораи ҳимояти эҳтимолӣ дар сурати бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва ҳамчунон идомаи пуштибонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дар сурати эъмоли таҳримҳои нав мушаххас кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”