27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
05.05.2026 14:30

Аз эътирофи мардум то кумак ба мардуми осебдидаи Кӯлоб. Суҳбат бо “Мисс маҳбуби дилҳо”

Чанд рӯз пеш Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” ҷамъбаст гардид. Дар он се духтари пойтахт аз рӯйи номинатсияҳои “Мисс Душанбе”, “Мисс маҳбуби дилҳо” ва “Мисс интеллект” ғолиб дониста шуданд.

Дар пасманзари ин озмун Dialog.tj бо ғолиби номинатсияи “Мисс маҳбуби дилҳо” Сумая Раҷабова гуфтугӯ намуд, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Сумая, шумо ғолиби номинатсияи “Мисс маҳбуби дилҳо” дар Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” гардидед ва соҳиби тоҷи тиллову сад ҳазор сомонӣ шудед. Биёед, суҳбатамонро аз он шуруъ кунем, ки шумо ҷоизапулиатонро барои кумак ба мардуми осебдидаи шаҳри Кӯлоб сарф кардед. Бигӯед, ки ин тасмимро чӣ гуна гирифтед?

- Пас аз ба даст овардани ғолибият, аввалин коре, ки анҷом додам, тоҷи рамзии худро бо эҳтироми хос ба модарам тақдим намудам. Зеро бовар дорам, ки ҳар дастоварди ман пеш аз ҳама самараи тарбияи волидонам аст ва маҳз онҳо сазовори чунин қадрдонӣ мебошанд. Дар мавриди ҷоизапулӣ бошад, ман бо модарам машварат кардам. Он кас роҳнамоӣ карданд, ки маблағ ба корҳои хайриявӣ равона гардад, то ки ин ғолибият на танҳо барои ман, балки барои дигарон низ манфиатбахш бошад. Чун ин шабурӯз аз офати табии мардуми Кӯлоб осеб дидаанд, тасмим гирифтем, ки маҳз барои онҳо коре кунем. Ҳамин тавр, ҷоизапулиамро барои кумак ба осебдидагони Кӯлоб сарф кардам. Боварӣ дорам, ки некии ҳақиқӣ он аст, ки аз дил барояд ва ба дилҳо бирасад.

Ҳамчунин, мехоҳам ба монанди модарам дили бузург дошта бошаму барои давлату миллати хеш хизмат кунам. Ҳарчанд модарам дуст намедоранд, ки дар мавриди корҳои хайриявиашон гап зананд, лекин ӯро ҳамчун зани дастбахайр медонанду эҳтиром мекунанд.

- Бигӯед, ки чӣ гуна тасмим гирифтед, ки дар Озмуни «Мисс Душанбе» иштирок кунед?

- Тасмими иштирок дар Озмуни «Мисс Душанбе» барои ман як қадами ҷиддӣ ва ҳамзамон орзуи дерина буд. Ман мехостам худро санҷам, қобилиятҳоямро нишон диҳам ва исбот намоям, ки зебоӣ танҳо дар зоҳир не, балки дар маънавият ва фарҳанг низ таҷассум меёбад. Зебоӣ танҳо дар симо нест, балки дар қалб, рафтор ва нияти нек аст.

- Аҳли оила ва атрофиён дар мавриди иштироки шумо чӣ фикр доштанд ва чӣ хел қабул карданд?

- Хушбахтона, аҳли оила ва наздиконам аз аввал маро дастгирӣ карданд. Онҳо ба ман бовар доштанд ва ин боварӣ неруи бузург бахшид. Албатта, фикрҳои гуногун низ буданд, вале меҳру эътимоди наздикон маро устувор нигоҳ дошт. Оилаам ҳамеша пуштибони ман буданд ва маро роҳнамоӣ мекарданд, то бо ҷуръат сӯйи пеш қадам гузорам.

- Шумо ғолиб шудед. То ғолибият чӣ мушкилотро аз сар гузаронидед? Аз ин озмун чӣ дарс гирифтед?

- Роҳи ғолибият осон набуд. Машқҳои пайваста, эҳсоси масъулияти баланд ва рақобати ҷиддӣ баъзан маро хаста мекарданд. Аммо маҳз ҳамин душвориҳо маро қавитар сохтанд. Ман дарк кардам, ки бо сабр ва меҳнат ҳар орзу амалӣ мегардад.

- Шумо дар номинатсияи «Мисс маҳбуби дилҳо» ғолибият ба даст овардед. Яъне шуморо мардум эътироф кард. Бигӯед, ки бо чӣ дили мардумро ба даст овардед?

- Шояд омезиши самимият, эҳтиром ба дигарон, фарҳанги муошират ва каме зебоии зоҳирӣ нақш бозиданд. Муҳимтар аз ҳама, ман кӯшиш кардам симои воқеии худро нишон диҳам. Ба назари ман, муҳаббати мардум танҳо аз зебоии зоҳирӣ сарчашма намегирад. Шояд он чи дили онҳоро ба ман наздик сохт, пеш аз ҳама, самимият, эҳтиром ва кӯшиши доимиам барои рушд буд. Ман ҳамеша худро ташнаи илм мешуморам, пайваста дар ҷустуҷӯи дониш ва маърифат қарор дорам. Ҳамзамон, бетараф набудан нисбат ба дарди ҷомеа барои ман муҳим аст. Чунки, ба гуфтаи Ҷалолиддини Румӣ «Дарди дигаронро ҳис кардан, нишонаи зинда будани дил аст».

- Оё аз ғолиб нашудан тарс доштед?

- Ростӣ, каме ҳаяҷон ва нигаронӣ буд, аммо тарси мағлубият бар ман ҳукмфармо набуд. Ман бештар ба таҷриба ва имкони рушд таваҷҷуҳ доштам.

- Агар ғолиб намешудед чӣ мешуд?

- Агар ғолиб намешудам ҳам, ин роҳ барои ман бефоида намебуд. Ман таҷрибаи гаронбаҳо, дӯстони нав ва дарси зиндагиро ба даст меовардам. Ғалаба танҳо як марҳила аст, на анҷоми роҳ.

- “Мисс маҳбуби дилҳо” шудан барои шумо ифтихор аст ё масъулият?

- Ин эътироф ҳам ифтихор аст ва ҳам масъулияти бузург. Ифтихор аз он ки пойтахтамро намояндагӣ мекунам ва масъулият он ки бояд намунаи шоиста бошам.

- Ба фикри шумо як духтари намунавӣ бояд чӣ гуна бошад?

- Ба андешаи ман, духтари намунавӣ бояд дорои ахлоқи ҳамида, дониши хуб, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иродаи қавӣ бошад. Зебоӣ агар бо маърифат ҳамроҳ бошад, арзиши бештар пайдо мекунад. Ба назари ман, зебоӣ вақте маъно пайдо мекунад, ки бо хирад, фарҳанг ва ахлоқ ҳамроҳ бошад. Ин арзишҳо аз тарбия ва муҳити оилавӣ сарчашма мегиранд. Ман хушбахтам, ки дар оилае ба воя расидаам, ки илму маърифатро болотар аз ҳама медонад.

- Озмуни “Мисс Душанбе” ба шумо ба ҷуз тоҷи тилло ва 100 ҳазор сомонӣ боз чӣ дод?

- Ин озмун ба ман пеш аз ҳама таҷриба, эътимод ба худ ва ҷаҳонбинии васеъ дод. Ман омӯхтам, ки чӣ гуна худро муаррифӣ намоям ва бо мардум муоширати дуруст барқарор кунам.

- Шумо барои озмун дар мавзуи муҳофизати сагҳо навор таҳия кардед, кор болои ин мавзуъ чӣ душворӣ дошт?

- Ин мавзуъ хеле ҳассос аст. Душвории асосӣ дар он буд, ки бояд муносибати инсонӣ ва масъулиятро нисбат ба ҳайвонот ба таври дуруст нишон медодам. Ман кӯшиш кардам паёми инсондӯстиро ба тамошобин расонам.

- Агар соли оянда боз ин озмун роҳандозӣ гардад, иштирок мекунед?

- Ростӣ, ман тасмим гирифтам, ки дар ин озмун дубора иштирок накунам. На аз он сабаб, ки шавқу ҳавас кам шудааст, балки мехоҳам ин имконият ба дигар духтарони боистеъдод дода шавад. Боварӣ дорам, ки ҳар як духтар сазовори он аст, ки худро нишон диҳад, рушд кунад ва ба орзуҳои худ бирасад. Агар мо ба якдигар роҳ кушоем, ҷомеаи мо боз ҳам зеботар ва пешрафтатар мегардад. Барои ман имрӯз муҳимтар аз ҳама он аст, ки дигарон низ чунин имкониятро эҳсос намоянд ва ба қуллаҳои нав бирасанд.

- Берун аз озмун ба чӣ корҳо машғул ҳастед ва муҳассили куҷоед?

- Берун аз озмун ман ба таҳсил ва худтакмилдиҳӣ машғулам. Ҳамчунин, ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва эҷодӣ таваҷҷуҳ дорам, зеро бовар дорам, ки инсон бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи рушд бошад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.