Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Покистон дар бораи талошҳо барои сулҳ ва субот гуфтугӯ карданд Рӯзномаи 8 субҳ, 3 соат пеш AP Муҳаммад Исҳоқ Дар, вазири корҳои хориҷии Покистон ва ҳамтои эронии ӯ Аббос Ароқчӣ, дар як тамоси телефонӣ дар бораи
Муҳаммад Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷаи Покистон ва ҳамтои эронии ӯ Аббос Ироқчӣ, дар як тамоси телефонӣ дар бораи вазъияти минтақа ва талошҳои дипломатии ҷории Покистон барои сулҳ ва субот дар минтақа гуфтугӯ карданд.
Вазорати корҳои хориҷаи Покистон рӯзи душанбе, 4 –уми май, дар як баёния гуфтааст, ки Ироқчӣ аз «нақши созанда ва талошҳои содиқонаи миёнҷигарии Покистон миёни тарафҳо» қадрдонӣ кардааст.
Дар ин баёния омадааст, ки Исҳоқ Дор низ бар уҳдадории доимии Покистон ба густариши ҳамкории созанда таъкид карда ва зикр намудааст, ки гуфтугӯ ва дипломатия ягона роҳи қобили иҷро барои ҳалли мусолиматомези масъалаҳо ва дастёбӣ ба сулҳ ва суботи пойдор дар минтақа ва фаротар аз он аст.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад Эрон як тарҳи 14-моддаиро барои поёни ҷанг бо Амрико пешниҳод кардааст, аммо Трамп онро «ғайри қобили қабул» хондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”