Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Русия дар Душанбе
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Русия «Пайроҳаи хашм» дар кинотеатри «Тоҳир Собиров»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир гардид.
Бинобар иттилои Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», филми «Пайроҳаи хашм» оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои эҷодӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар вилояти Суғд наворбардории филми муштараки дигар бо номи «Шабаҳе дар зулумот» идома дорад.
“Нахустнамоиши «Пайроҳаи хашм» бо истиқболи гарми тамошобинон рӯ ба рӯ шуда, ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи рушди кинои тоҷик арзёбӣ гардид”, - омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти “Тоҷикфилм”.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ҳоло як қатор филмҳои бадеиву таърихӣ, аз ҷумла «Моҳӣ барои Черчил», «Решаҳо», «Борбади Марвазӣ», «Робияи Балхӣ» ва «Теғи Сино» дар марҳилаҳои гуногуни таҳия қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад