Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Се тилло ва як биринҷӣ. Ҷудокорони тоҷик “Dushanbe Grand Slam 2026”-ро ҷамъбаст карданд
Дар рӯзи якуми мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ ва Лоиқ Қутбуддинов парчами Тоҷикистонро баланд карданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг соҳиби медали тилло шуд. Лоиқ Қутбуддинов бошад, дар вазни то 60 кг медали биринҷӣ гирифт.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа парчамбардорони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев ва Сомон Маҳмадбеков буданд. Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Сомон Маҳмадбеков бошад, дар вазни 81 кг ҳама ҳарифонашро мағлуб карда, сазовори медали тилло шуд.
Дар рӯзи охири мусобиқаи мазкур намояндагони Тоҷикистон муваффақ нашуданд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” ҷудокорони тоҷик ба гирифтани 11 медал даст ёфта буданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар мусобиқаи байналмилалии “Dushanbe Grand Slam 2026” 240 ҷудокор аз 34 кишвари ҷаҳон иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 40 варзишгар муаррифӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”