Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Се кас ҳалок шуду ду кас ҷароҳат бардошт. Пайомади обхезӣ дар Кӯлоб
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, дар пайи боришоти шадид ва обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб се нафар ҷони худро аз даст дода, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ гардиданд
Манбаъ меафзояд, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соати 3:00-и шаби 2-юми май ҷаласаи фаврии ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута баргузор гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин ба масъулон супориш дода шуд, ки корҳои наҷотдиҳӣ, барқарорсозӣ ва расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шавад.
Дар ин росто, ҳамдардӣ ва тасаллияти Сарвари давлат аз ҷониби раиси вилоят ба пайвандони ҳалокшудагон расонида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад