Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сел дар Кӯлоб. Раиси вилоят ба маҳалли офати табиӣ рафт
Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон, шоми 1-уми май бар асари боридани борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе аз маҳаллаҳои шаҳр зери об монданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ ба баъзе роҳҳои дохилӣ, инфрасохтори шаҳрӣ ва қисме аз ҳудудҳои истиқоматӣ зарар расид.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади шиносоӣ аз вазъи баамаломада ва андешидани чораҳои фаврӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шабона ба маҳалли ҳодиса рафт.
"Зимни боздид ба роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, сохторҳои марбута, кормандони хадамоти коммуналӣ, мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъулин барои ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ, тоза намудани роҳу кӯчаҳо, барқарорсозии ҳаракати нақлиёт ва расонидани кӯмак ба сокинони зарардида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд", - менависад манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло гурӯҳҳои корӣ ва техникаҳои махсус дар ҷойҳои зарардида фаъолият дошта, барои таъмини амният ва барқарор намудани шароити муътадили зиндагии сокинон чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”