Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тиллои Эмомалӣ ва биринҷии Лоиқ. Натиҷаи рӯзи якуми "Dushanbe Grand Slam 2026"
1-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе Мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2026" оғоз ёфта, дар рӯзи якум Тоҷикистонро 17 ҷудокор намояндагӣ карданд.
Тибқи иттилои дастрас, дар рӯзи якуми мусобиқаи мазкур намояндагони Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд.
Варзишгари 24-солаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг баромад карда, ба гирифтани медали тилло даст ёфт. Ҳамчунин, паҳлавони дигар тоҷик Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Бояд бигӯем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа 15 варзишгари тоҷик дар марҳилаҳои гуногун шикаст хурданд ва натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда натавонистанд. Дар қатори ҷудокороне, ки дар марҳилаи ибтидоӣ шикаст хурд Мадина Қурбонзода мебошад, ки ба наздикӣ аз Чемпионати Осиё омада буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”