Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ёддошти тафоҳум оид ҷалби мутахассисони ҷавон ба имзо расид
Дар Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо котиби давлатии Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария Тобиас Готтҳардт мулоқот кард.
Тавре ки маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҳамчун нишонаи равшани эътимоди мутақобила, эҳтироми тарафайн ва иродаи устувори ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти федеролии Бавария арзёбӣ намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар ин вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавон миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус марҳилаи нави рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оғоз мебахшад.
“Зикр шуд, ки ин санад барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкониятҳои навро дар самти ҷалби мутахассисони ҷавон, рушди иқтидори кадрӣ ва мутобиқсозии бозори меҳнат ба талаботи муосир муҳайё месозад”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”