Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Муҳлати бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ тамдид шуд
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро то 30‑юми апрел тамдид кард.
Манбаъ меафзояд, ки тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад.
Гуфта мешавад, ки довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд, ки дар давраи дуюм худро номнавис кунанд.
“Шахсоне, ки аз ихтисосҳои интихобкардаашон норозиянд ва хоҳиши иваз кардани ихтисосҳои қаблиашонро доранд метавонанд то 30-юми апрели соли 2026 дар нуқтаҳои бақайдгирии пештар аз қайд гузаштаашон ҳозир шуда, ихтисосҳои худро иваз кунанд. Шахсоне, ки дар давраи фаъолияти нуқтаҳои сайёрӣ бақайдгирӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Варзоб ва шаҳри Роғун ба қайд гирифта буданд, барои азнавбақайдгирӣ бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бинои асосии Марказ ҳозир шаванд”, - менависад маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад