Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Исфандиёри Саъдулло: “Талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас табдил диҳем”
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ICANN, RIPE NCC ва World Bank Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет - CAIGF 2026 таҳти унвони «Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ ба ҳамгироии рақамӣ» доир гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар форум масъалаҳои коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии маълумот ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ меафзояд, ки сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни суханрониаш иброз дошт, ки баргузории чунин форуми сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба рушди фазои рақамӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад.
“Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем”, - зикр кардааст Исфандиёри Саъдулло.
Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои форуми мазкур метавонанд ба таҳияи сиёсати муассири рақамӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори рақамӣ мусоидат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”