Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири мудофиаи Русия: “Афғонистон ҳамчунон манбаи аслии таҳдидҳои террористӣ аст”
Андрей Белоусов, вазири мудофиаи Русия гуфта, ки Афғонистон дар шароити кунунӣ ҳамчунон манбаи аслии ҷиноятҳои фаромарзӣ ва таҳдидҳои террористӣ аст.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи сешанбе, 28-уми апрел гузориш додааст, ки Андрей Белоусов дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай вазъияти Афғонистонро ноустувор тавсиф кардааст.
Ӯ гуфта, ки талошҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай барои бозгашти субот дар Ховари Миёна муҳим буда ва танҳо роҳи ҳалли буҳронҳои мавҷуд, барқарории равобити дипломатӣ аст.
Белоусов ҳамчунин, аз талошҳои кишварҳои узв, аз ҷумла Покистон, барои поён додан ба даргириҳо истиқбол кардааст.
Вазири дифои Русия гуфта, ин нишаст дар шароите баргузор мешавад, ки вазъияти байналмилалӣ башиддат ноустувор аст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки вазъияти Афғонистон пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон башиддат ноустувор гузориш шудааст ва даргириҳо ва ҳамлаҳои марзӣ миёни Покистон ва ин гурӯҳ, ба афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон сабаб шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”