Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Хуршед Мирзо ва Кирилл Залесский рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотиро баррасӣ карданд
Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Панҷумин ҷаласаи вазирони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо вазири алоқа ва иттиооти Ҷумҳурии Беларус Кирилл Залесский мулоқот намуд.
Бинобар иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки Хуршед Мирзо ва Кирилл Залесский оид ба татбиқи стратегияҳои миллӣ дар самти рақамикунонӣ, рушди зеҳни сунъӣ, муосирсозии инфрасохтори рақамӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии электронӣ мубодилаи афкор намуданд.
“Зимни гуфтугӯ таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳо ҷиҳати ташаккули экосистемаи устувори инноватсионӣ, рушди муҳити мусоид барои фаъолияти стартапҳо, инчунин таъсиси марказҳои муштараки технологӣ ва платформаҳои рақамии ҳамкорӣ зоҳир гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҳкими амнияти киберӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ шуданд”- зикр мекунад манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”