Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гроссӣ: “Хатари ҷанги ҳастаӣ ба болотарин сатҳ аз замони Ҷанги сард расидааст”
Рафаэл Гроссӣ, мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, мегӯяд хатари вуқуи як фоҷиаи ҳастаӣ дар ҷаҳон ба сатҳе расида, ки аз даврони авҷи Ҷанги сард то кунун мушоҳида нашудааст.
Гроссӣ рӯзи душанбе, 27-уми апрел ин изҳоротро дар 11-умин Конфронси бознигарии муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) дар Ню-Йорк матраҳ кардааст.
Ӯ гуфта, ки ин муоҳида беш аз панҷ даҳа аст, ки побарҷо монда ва 191 кишвари ҷаҳон, шомили давлатҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ва бидуни он, ба он пайвастаанд ва масъулияти муштараке дар ин замина доранд.
Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунии ҷаҳон бисёр “ҳассос ва ноустувор” аст ва ҷангҳо дар Аврупо ва Ховари Миёна бори дигар бозгашта ва чаҳорчӯбҳои чандҷонибаи амниятӣ таҳти фишори ҷиддӣ қарор гирифтаанд.
Гроссӣ ҳушдор додааст, ки дар вазъияти феълӣ ҷаҳон бо афзоиши бозигарон, густариши хатарҳо ва коҳиши шаффофият дар ҳавзаи ҳастаӣ рӯбарӯ аст.
Мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар айни ҳол гуфтааст, ки фанноварии ҳастаӣ бояд барои аҳдофи сулҳомез, аз ҷумла энергия, тандурустӣ, амнияти ғизоӣ ва ҳифзи муҳити зист, ба гунаи густурдатаре дар ихтиёри кишварҳо қарор гирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”