Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Барои бақайдгирии рақамии кӯдакон ба кӯдакистонҳо барномаи нав муаррифӣ шуд
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар IT Park Dushanbe маросими рӯнамоии барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт доир гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» низоми ягонаи рақамӣ барои бақайдгирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо, идоракунии раванди қабул, ташкили омори дақиқ ва такмили ҳамкории муассисаҳо бо волидон мебошад.
Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирӣ, таъмини шаффофияти навбат ва роҳхат, автоматикунонии журнали давомот ва беҳтар намудани назорати дохилии муассисаҳои томактабӣ таҳия шудааст.
Дар рӯнамоии барномаи «Kudak.tj» қайд гардид, ки барои волидон барнома бақайдгирии онлайн ва пешниҳоди ариза бидуни муроҷиатҳои такрорӣ ба идораҳоро таъмин менамояд, имконият медиҳад кӯдакистонро тавассути харитаи интерактивӣ аз рӯйи маҳалла ва ҷойгиршавӣ интихоб кунанд, ҳолати дархост ва навбати электрониро дар утоқи шахсӣ пайгирӣ намоянд, дар ҳар марҳилаи баррасии дархост паёмак ва огоҳинома гиранд ва аз китобҳои электронӣ, афсонаҳои матниву видеоӣ ва дигар маводи омӯзишиву тарбиявӣ истифода намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”