Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
«Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда». Намоиши асарҳои рассомони тоҷик дар Беларус
27-уми апрел Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус оғоз шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Белорус Марат Марков мулоқот намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Белорус самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии кишварҳо арзёбӣ намуда, ин иқдомро заминаи рушди мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар Китобхонаи миллии Белорус намоишгоҳи рассомони тоҷик бо номи «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус бо иштироки вазирони фарҳанги Тоҷикистону Белорус баргузор гардид.
Зикр мегардад, ки дар намоишгоҳ 38 асари рассомони тоҷик муаррифӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”