Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» насиби Душанбе шуд
Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, 26-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» шаҳри Душанбе гардид.
Ҳамин тавр, дар номинатсияи «вилояти беҳтарин» вилояти Суғд сазовори ҷойи якум ва вилояти Хатлон соҳиби ҷойи дуюм шуданд. Дар номинатсияи «шаҳри беҳтарин» шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷойи якум, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷойи дуюм ва шаҳри Турсунзода ҷойи сеюмро сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, дар номинатсияи «ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки фестивали мазкур аз рӯйи 10 номинатсия «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор шуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад