Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон заминҳои шаҳраки “Умеди сабз”-и Кобулро ба тасарруфи худ даровардаанд
Гурӯҳи террористии Толибон беш аз 300 гектар замини шаҳраки “Умеди сабз” дар шаҳри Кобулро таҳти тасарруфи худ даровардаанд.
Вазорати адлияи гурӯҳи террористии Толибон, рӯзи якшанбе, 26-уми апрел бо нашри эъломияе ин заминҳоро “иморатӣ” эълом кардааст.
Шаҳраки “Умеди сабз” дар ғарби шаҳри Кобул ҷойгир буда ва гуфта мешавад, ки Муҳаммад Набӣ Халилӣ, бародари Муҳаммад Карим Халилӣ, муовини пешини раёсати ҷумҳурии Афғонистон, аз моликони он аст.
Ин дар ҳолест, ки Толибон пеш аз ин низ заминҳои бархе шаҳракҳо ва минтақаҳои мухталиф дар Кобул ва вилоятҳои дигарро тасарруф карда буданд.
Дар гузашта низ гузоришҳое аз зӯргирӣ ва тасарруфи заминҳои мардум тавассути афроди мусаллаҳ ва бо истифода аз қудрати маҳаллӣ ва вобастагон ба Толибон, дар минтақаҳо ва вилоятҳои мухталифи Афғонистон мунташир шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”