Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба даҳ таваллудхона таҷҳизот барои кумаки саривақтӣ ба кудаку модар дастрас шуд
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамкории ташкилоти хайриявии байналмилалии LDS, ба 10 муассисаи таваллудии кишвар 20 адад дастгоҳи кардиотокографи феталӣ ва 40 адад инфузомат (насосҳои инфузионӣ) дастрас гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, таҷҳизоти мазкур барои назорати ҳолати тифл дар батни модар ва расонидани кумаки саривақтӣ ба навзодони бемору камвазн аҳамияти муҳим дорад.
Манбаъ меафзояд, ки дар маросими тақсимоти тиҷҳизот, ки дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” доир гашт, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба шарикони рушд Марша ва Джордж Беннет барои дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳо ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои саломатии модару кӯдак мусоидат менамоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”