27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
25.04.2026 15:48

Ғолибони озмунҳои «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» муайян шуданд

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид.

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба озмуни «Олими сол» 47 парванда пешниҳод гардида, 13 кас ғолиб дониста шуданд. Ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида, 41 кас ғолиб гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар озмуни «Магистранти сол» бошад, аз 44 кори илмӣ 7 нафар ғолиб эътироф шуданд, ки аксари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ба ғолибони озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» вобаста ба зинаҳои таҳсил ва самтҳои илмӣ диплом, ҷом ва мукофотпулӣ тақдим гардид. Ғолибони озмуни «Магистранти сол» низ дар бахшҳои гуногуни илм, аз ҷумла кишоварзӣ, заминшиносӣ, гуманитарӣ, техникӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо мукофот қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин, ғолибони озмуни «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.

“Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ як қатор олимону кормандони соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди илм ва маориф, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд”, - навиштааст манбаъ.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.