Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Сарвари давлат агрегати №7 Неругоҳи Норакро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Имрӯз, 24-уми апрел Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд.
Сафари кории Роҳбари давлат аз шаҳри Норак оғоз ёфта, нахуст агрегати №7 Неругоҳи барқии обии Норакро ба истифода доданд.
Бинобар иттилои Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, маблағгузории навсозии гидроагрегати рақами ҳафт дар доираи ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ амалӣ гардид. Аз ҷумла, барои татбиқи ин лоиҳаи муҳим 34 миллион евро дар шакли қарз ҷалб карда шуда, ҳамзамон 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ равона шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло навсозии агрегати чоруми неругоҳ бо маҷмуи таҷҳизоти ёрирасони он идома дорад. Дар маҷмӯъ, тибқи лоиҳаи навсозии неругоҳ ҳамаи агрегатҳои он бо харҷи 750 миллион доллари амрикоӣ то соли 2032 нав карда мешаванд.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки бо харҷи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоӣ навсозии ҳамаи неругоҳҳои барқии мавҷудаи Тоҷикистон навсозӣ шуда истодаанд, ки ба ин восита муҳлати хизмати онҳо 70-80 соли дигар тамдид меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”