27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
22.04.2026 10:56

Тоҷикони бурунмарзӣ ба мардуми осебдидаи Доғистон кумаки башардӯстона равон карданд

Бинобар иттилои Вазорати меҳнат, муҳориҷат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоҷикони бурунмарзӣ, ки дар шаҳри Екатеринбурги Ҳавзаи федералии Урали Федератсияи Русия кору зиндагӣ доранд, ба мардуми аз офатҳои табиӣ осебдидаи Доғистон кумак расониданд.

Манбаъ меафзояд, ки ҳамватанон мо маблағ, масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, арматура, тахта, маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти заруриро ҷамъоварӣ намуда, барои дастгирии оилаҳои зарардида равона карданд.

“Ташаббуси мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки новобаста аз дурӣ аз Ватан, ҳамватанони мо ҳамеша дар ҳолатҳои душвор канори мардуми ниёзманд қарор гирифта, рӯҳияи кумакрасонӣ ва инсонпарвариро пуштибонӣ менамоянд. Кумаки башардӯстона на танҳо дастгирии моддӣ, балки паёми умед, ҳамдардӣ ва иттиҳоди инсонҳоро ба мардуми осебдида мерасонад”, - афзуда мешавад дар хабарнома.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.