27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
22.04.2026 06:42

Макрон: “Фаронса дар канори Лубнон мемонад ва аз талошҳо барои суботи ин кишвар ҳимоят мекунад”

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, эълом кардааст, ки кишвараш дар канори Лубнон истода ва аз талошҳо барои посух ба буҳрони инсонӣ ва таъмини ниёзҳои оворагон дар ин кишвар ҳимоят мекунад.

Макрон шаби сешанбе, 21-уми апрел, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навиштааст, ки Фаронса то кунун 90 тонна кумакҳои башардӯстона ба Лубнон ирсол карда ва дар рӯзҳои наздик тақрибан 10 тонна таҷҳизоти дигар низ интиқол хоҳад дод.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки Фаронса дар ҳамкорӣ бо неруҳои муҳофизи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид  талош дорад ҳимоятҳои башардӯстонаро дар ҷануби Лубнон тақвият кунад.

Раиси ҷумҳури Фаронса таъкид кардааст, ки авлавияти кунунӣ, устувор намудани оташбасе мебошад, ки ҳанӯз шикананда боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, суботи пойдор дар Лубнон ва минтақа ба як тавофуқи сиёсӣ миёни Лубнон ва Исроил вобаста аст: тавофуқе, ки амнияти ду тарафро тазмин кунад, тамомияти арзии Лубнонро ҳифз намояд ва заминаи одисозии равобитро фароҳам созад.

Макрон ҳамчунин, гуфтааст, ки ин раванд шомили таваққуфи ҳамлаҳо аз сӯи Ҳизбуллоҳ, хуруҷи неруҳои исроилӣ аз хоки Лубнон, халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ бо ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бозсозии Лубнон барои бозгашти оворагон хоҳад буд.

Ӯ таъкид кардааст, ки Фаронса ҳамвора дар лаҳзаҳои ҳассос дар канори Лубнон будааст ва ба ҳимоятҳои худ идома хоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.