27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
21.04.2026 17:45

Марги ҳазорон муҳоҷир дар соли 2025: афғонистониҳо аз ҷумлаи қурбониёни асосӣ

Созмони байналмилалии муҳоҷират эълон кардааст, ки наздик ба 8 000 муҳоҷир дар соли 2025 дар саросари ҷаҳон ҳангоми талош барои расидан ба мақсад ҷони худро аз даст додаанд, ки афғонистониҳо ва роҳингиёҳо аз ҷумлаи қурбониёни асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Мария Мойта, раиси бахши посухгӯии башардӯстона ва бозсозии ин ниҳод, рӯзи сешанбе, 21-уми апрел дар Женева ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин омор нишондиҳандаи бад шудани вазъи ҷаҳон аст.

Ӯ афзудааст: “Бештари омори марг то кунун дар Осиё сабт шудааст, ки дар миёни қурбониён садҳо тан аз роҳингиёҳо ва афғонҳо шомил ҳастанд”.

Мойта гуфтааст, ки фишорҳои муҳоҷиратӣ коҳиш наёфтаанд, аммо масирҳо ба далели даргириҳо, тағйиротҳои иқлимӣ, ниёзҳои бозори кор ва тағйироти сиёсӣ тағйир кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Андреа Гарсия аз Созмони байналмилалии муҳоҷират гуфтааст, ки шумори сабтшуда дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2024 коҳиш ёфтааст: соле, ки дар он 9 ҳазору 197 мавриди марги муҳоҷирон дар сатҳи ҷаҳон сабт шуда буд.

Ӯ таъкид кардааст, ки коҳиши омор дар соли 2025 ҳатман ба маънои коҳиши воқеии маргҳо нест, балки аз камбуди иттилооти дастрас ва душвории тасдиқи бисёре аз ҳолатҳо бармеояд.

Гарсия афзудааст, ки ҳудуди 1 500 мавриди дигари марг ё нопадидшавӣ вуҷуд дорад, ки ин ниҳод бовар дорад рух додаанд, аммо ба далели набудани далелҳои кофӣ дар омори расмӣ шомил нашудаанд.

Пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон, шаҳрвандони Афғонистон маҷбур шудаанд ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба кишварҳои дигар рӯ оваранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.